Ru  | Tj
Дар Душанбе Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Акс: Интернет

Дар Душанбе Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад

Нашр шуд

Рӯзи 13-уми октябр вохӯриҳои В2В-и соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистону Туркия ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз 11-ум то 13-уми октябр дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи «Hayatt Regency» баргузории ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ба назар гирифта шудааст.

Таъкид мегардад, ки масъулини вазорату идораҳо ва роҳбарияти намояндагиҳои дипломатӣ, сармоягузорон, инчунин субъектҳои бахши хусусии ин ду кишвар дар нишаст иштирок хоҳанд варзид.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа доираи васеи масъалаҳои муҳимми самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ баррасӣ мешаванд.

Илова бар ин, рӯзи 13-уми октябри соли 2021 бо иштироки беш аз 100 субъекти бахши хусусии Тоҷикистону Туркия баргузории Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистону Туркия ва В2В вохӯриҳои соҳибкорон ва сармоягузорон пешбинӣ гардидааст.





Президент дар Суғд корхонаи тавлиди шиферҳои асбестиро ифтитоҳ намуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед