Ru  | Tj
Дар Душанбе нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Душанбе нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта мешавад

Нашр шуд

Рӯзи 21 август дар Боғи фарҳангу фароғатии Абулқосим Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта мешавад.

Дар бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Маросими пардабардорӣ аз нимпайкара дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон дар назар аст.

Бояд гуфт, ки шоир, бастакор, маорифпарвар ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ Абай Кунанбоев соли 1845 ба дунё омадааст. Номи аслии Кунанбоев Иброҳим буда, тахаллусаш Абай аст. Ин тахаллус қазоқӣ буда, маънои «ботаваҷҷуҳ»-ро дорад. Абай 6 июли соли 1904 дар 59-солагӣ аз олам гузаштааст.

Эҷодиёти Абай Кунанбоев чун шоир ва нависанда аз се сарчашма – эҷодиёти даҳанакии халқ, назми оламгири Шарқ ва адабиёти русу аврупоӣ маншаъ гирифтааст.

Абай дар назми қазоқ 17 шакли нави шеърро ихтироъ намуд. Достонҳои Абай – «Масъуд», «Гуфтор дар бораи Азим» ва «Искандар» дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсон тараннум шудаанд.

Ба қалами Абай асари мансуре тааллуқ дорад, ки он дар қазоқӣ «Қара сӯз» («Каломи сиёҳ») ном гирифтааст. Ба забони тоҷикӣ ин асар бо номҳои «Ақлия», «Пандҳо», «Панднома», «Андешаҳо» тарҷума ва муаррифӣ гардидааст. Дар «Панднома»-и Абай таъсири «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва «Гулистон»-и Саъдӣ маълум аст.

Ҳамчунин дар маҷмуае бо номи «Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Абай – бунёдгузори адабиёти навини қазоқ» зиёда аз 100 шеъри Абай дар баргардони Шоири халқии Тоҷикистон, Фарзонаи Хуҷандӣ ва «Андешаҳо» (45 гуфтор) дар тарҷумаи Сафар Абдулло ба хатти форсӣ ҷой дода шудаанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 22-23 август дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар назар аст, ки 22 август дар Душанбе дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва санъати тасвирии Қазоқистон доир гардад.

Инчунин 24 август дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ барномаи консертии ҳунарпешагони қазоқ пешниҳод мегардад. Дар доираи Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар низ Рӯзҳои кинои Қазоқистон ва барномаҳои консертӣ доир мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 22-23 август сафари давлатии Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед