Ru  | Tj
Дар Кушониён ҷасади ноболиғи 4-сола аз об пайдо гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Кушониён ҷасади ноболиғи 4-сола аз об пайдо гардид
Акс: Кумитаи рухдодҳои фавқулодаи Тоҷикистон

Дар Кушониён ҷасади ноболиғи 4-сола аз об пайдо гардид

Нашр шуд

Рӯзи 28-уми марти соли равон имдодгарони Кумитаи рухдодҳои фавқулода дар вилояти Хатлон ҷасади як ноболиғи 4-соларо аз ҷӯйи деҳаи Гулистони ноҳияи Кушониён берун оварданд.

Дар ин бора Давлатбек Қувватзода, як масъули Раёсати Кумитаи рухдодҳои фавқулода дар ноҳияи Кушониён ба Halva.tj  иттилоъ дод.

Ба иттилоъи ин масъул, ноболиғ Б.М. сокини ҷамоати деҳоти Бустонқалъа буда, бинобар беназоратии волидон бедарак шудааст. Дар натиҷаи пайдо кардани ҷасад маълум гардид, ки вай ба об сарозер шудааст.

Қувватзода гуфт, ноболиғ рӯзи 27-уми март дар назди ҷӯй бедарак шуда, як рӯз баъд имдодгарони Раёсати Кумитаи рухдодҳои фавқулода дар вилояти Хатлон 700 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса ҷасадашро пайдо карда, ба наздиконаш супурдаанд.

Масъулин сабаби асосии ба об сарозер шудани ноболиғро беназоратии падару модари ӯ арзёбӣ мекунанд.

"Мо пайваста бо сокинон, бахусус бо волидон мулоқот карда, дар робита ба қоидаҳои будубоши ноболиғон назди рӯдҳо ва роҳҳои бехатарии онҳо суҳбат мекунем. Ҳамеша таъкид мекунем, ки кӯдакони худро эҳтиёт кунед, зеро ҳангоми ба об афтодан ё ғарқ шудан кӯдакони ноболиғ танҳо то чор дақиқа имкони дар об зинда монданро доранд.  Мутаассифона, аксари волидон аз пайи кори худ шуда, нисбат ба фарзандон бепарвоӣ мекунанд", - гуфт Давлатбек Қувватзода.

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2023 дар рӯду кӯл ва дигар обанборҳои Тоҷикистон 184 кас ғарқ шудаанд.

Аз сӯйи дигар дар соли гузашта дар вилояти Хатлон 31 нафар ғарқ шудаанд, ки 17 нафарашон ноболиғон будаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед