Ru  | Tj
Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон заминларзаи 6 дараҷаӣ рух дод. Дар Олмотӣ замин 5 дараҷа ҷунбид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон заминларзаи 6 дараҷаӣ рух дод. Дар Олмотӣ замин 5 дараҷа ҷунбид
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар марзи Қирғизистону Қазоқистон заминларзаи 6 дараҷаӣ рух дод. Дар Олмотӣ замин 5 дараҷа ҷунбид

Нашр шуд

Дар Қирғизистон рӯзи 4-уми март, соати 12:22 вақти маҳаллӣ заминларза рух дод, ки шиддати он дар марказ тақрибан 6 дараҷа буд. Дар ин бора Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Қирғизистон хабар медиҳад.

Манбаъи заминларза дар қаламрави Қирғизистон воқеъ буда, 35 километрии шимолу ғарби шаҳри Чолпон-Ота, 40 километрии ҷануби шаҳри Олмотӣ ва 190 километрии шимоли шаҳри Бишкек гуфта мешавад.

Ба иттилои ин манбаъ, шиддати заминларза дар шаҳри Чолпон-Ота ба 4 дараҷа, шаҳри Бишкек, кони Кумтор ва шаҳри Қарокули Қирғизистон ба 3,5 дараҷа баробар шуд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои Қазоқистон менависанд, зилзила соати 11:22 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Маркази заминларза дар 31-километрии ҷануби Олмотӣ, дар қаламрави Қазоқистон воқеъ будааст. Заминларза дар умқи 10 километр рух дода, шиддаташ дар марказ 6,1 дараҷа буд.

Гуфта мешавад, ки сокинони Олмотӣ такони заминро ба ҳадди заминларзаи 5 дараҷаӣ эҳсос кардаанд.

Аз сӯйи дигар хадамоти наҷотбахшӣ дар шаҳри Олмотӣ бонги хатарро ба кор андохта ва бештари сокинони ин шаҳр ба кӯчаҳо баромаданд.

Дар ҳамин ҳол сардори Раёсати рухдодҳои изтирории Олмотӣ хабар дод, ки пас аз заминларза дар ин шаҳр талафот ва харобиҳо ба сабт нарасидааст.

Хадамоти VolcanoDiscovery хабар медиҳад, ки 2 март то 4-уми марти соли равон се заминларза дар марзи Чин ва Қазоқистон рух дод.

Гуфта мешавад, ки зилзилаи рӯзи 4-уми март дар Олмотӣ рухдода яке аз шадидтарин заминларза аз аввали соли 2024 буд.

Охир бор заминҷунбии шадид шаби 23-юми январи соли 2024 дар Олмотӣ рух дода буд, ки шиддати он ба 5 дараҷа расид. Он замон баъди заминҷунбӣ беш аз 40 нафар сокини Олмотӣ барои кумаки пизишкӣ муроҷиат карда буданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед