Ru  | Tj
Дар Минск конфронси амниятии Авруосиё баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Минск конфронси амниятии Авруосиё баргузор мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Минск конфронси амниятии Авруосиё баргузор мешавад

Нашр шуд

Вазорати корҳои хориҷии Беларус мегӯяд, ки дар ин конфронси амниятӣ тақрибан 600 нафар ширкат мекунанд.

Анатолий Глаз, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Беларус гуфт, ки дар Конфронси дуюми байналмилалии Минск дар мавриди амнияти Авруосиё тақрибан 600 нафар, аз ҷумла сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Маҷористон, Русия ва Сурия ширкат хоҳанд кард. Дар ин бор РИА Новости хабар дод.

Аз 31 октябр то 1 ноябр дар Беларус Конфронси дуюми байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё баргузор мешавад. Ҳадафи он муҳокимаи ошкоро ва фарогир дар бораи дурнамои амнияти Авруосиё дар шароити буҳрони тартиботи мавҷудаи ҷаҳонӣ, зиддиятҳои низомию сиёсӣ байни бозигарони калидӣ ва адами иртибот байни онҳо унвон шудааст.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Белорус, дар назар аст, ки дар конфронс намояндагони 45 кишвари ҷаҳон ширкат кунанд. Барои инъикоси ин чорабинӣ алакай 150 хабарнигор аз расонаҳои Беларус ва хориҷӣ сабти ном шудаанд.

Ифтитоҳи конфронс 31 октябр дар назар буда, он бо ҷаласаи сатҳи баланд оғоз мешавад. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Беларус гуфт, «суханронии 14 меҳмони воломақом, аз ҷумла вазирони корҳои хориҷии Маҷористон, Русия, Сурия, дабири кулли СПАД ва дабири кулли ИДМ дар назар аст».

Ба гуфтаи Анатолий Глаз, аз рӯзи 31 октябр меҳмонони конфронс, аз ҷумла шахсони воломақом ба Минск меоянд. Масалан, рӯзи сешанбе вазири хориҷаи Сурия сафари корӣ ба Беларусро оғоз мекунад ва дар ҷараёни он дар конфронси амниятӣ суханронӣ мекунад.

Дар ин замина таъкид мешавад, иштирокчиёни конфронс ва Беларус ҳамчун кишвари ташкилкунанда интизор доранд, ки ин чорабинӣ ба ҳама имкон медиҳад, то чорчуби ояндадори амнияти Авруосиёро баррасӣ ва муайян кунанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед