Ru  | Tj
Дар намоишгоҳи "Иннопром" дар Узбекистон беш аз 400 ширкат ҳузур хоҳад дошт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар намоишгоҳи "Иннопром" дар Узбекистон беш аз 400 ширкат ҳузур хоҳад дошт
Акс: "Иннопром.Осиёи Марказӣ"

Дар намоишгоҳи "Иннопром" дар Узбекистон беш аз 400 ширкат ҳузур хоҳад дошт

Нашр шуд

Дар ин намоишгоҳ ҳайатҳои Чин, Қазоқистон, Белорус, Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркманистон ширкат мекунанд.

Намоишгоҳи байнулмилалии саноатии "Иннопром.Осиёи Марказӣ" аз 22 то 24-уми апрел дар Тошканд баргузор мешавад ва дар он беш аз 10 ҳазор ширкаткунанда ва 400 ширкат ҳузур пайдо карда, тавлидоти худро муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти ин намоишгоҳ хабар медиҳад.

"Намоишгоҳи байнулмилалии саноатии "Иннопром.Осиёи Марказӣ" як рухдоди калидӣ барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ мебошад, ки дар он беш аз 10 ҳазор меҳмон – роҳбарони вазоратҳои дахлдор, ҳайатҳои минтақаӣ ва соҳибкорон ҷамъ меоянд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 400 ширкат маҳсулоти худро муаррифӣ мекунанд”, - гуфта мешавад дар хабар. 

Дар намоишгоҳ ин ҳайатҳои Чин, Қазоқистон, Белорус, Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркманистон ширкат мекунанд.

"Яке аз калонтарин бахшҳои намоишгоҳ ғуфраи лоиҳаҳои навоваронаи Вазорати саноат ва савдои Русия буда, дар он маҳсулоти корхонаҳои «Металлоинвест», «Газпромбонк», «Фанновариҳои муосири таробарӣ», ширкати давлатии «Росатом», ширкати давлатии «Ростек» муаррифӣ мешаванд.

Гуфта мешавад, ки 15 минтақаи Русия намоишгоҳҳои дастҷамъии худро муаррифӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки соли 2021 намоишгоҳи байнулмилалии саноатии «Иннопром» бори аввал дар Узбекистон баргузор шуд. Ин намоишгоҳ аз соли 2010 дар Русия баргузор мегардид. Дар соли 2023 аз намоишгоҳи "Иннопром.Осиёи Марказӣ" беш аз 10 ҳазор нафар аз 35 кишвари ҷаҳон боздид кардаанд. Дар муқоиса бо соли 2022 намоишгоҳ 25% афзоиш ёфт ва тамоми муҷтамаъи намоиширо фаро гирифт. Дар намоишгоҳ 457 корхона иштирок дошт. Гуфта мешавад, ки танҳо дар давоми се соли баргузории намоишгоҳ зиёда аз 150 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед