Ru  | Tj
Дар шаҳри Екатеринбург Маркази фарҳангии тоҷикон бунëд меëбад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Екатеринбург Маркази фарҳангии тоҷикон бунëд меëбад
Акс: Asia-Plus

Дар шаҳри Екатеринбург Маркази фарҳангии тоҷикон бунëд меëбад

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон ва шаҳрдори Екатеринбург масъалаи бунëди маркази фарҳангии тоҷикон дар ин шаҳрро баррасӣ карданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар додааст, ки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Роҳбари шаҳри Екатеринбург Алексей Орлов мулоқот намудаву масоили густариши ҳамкориҳоро муҳокима намудаанд.

Гуфта мешавад, масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони маркази фарҳангӣ дар шаҳри Екатеринбург яке аз мавзуоти аслии ин гуфтугӯ будааст.

Манбаъ меафзояд, Сафири Тоҷикистон ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва омода намудани мутахассисон  аз рӯи ихтисосҳои коргарӣ, ҳамкории ҳамаҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сайёҳону табодули фарҳангӣ изҳори алоқамандӣ намудааст.

Екатеринбург чаҳорумин шаҳри бузурги Русия ва маркази маъмурии вилояти Свердловск мебошад.

Бояд гуфт, ки дар чанд соли охир ҳамкориҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловски Русия ба таври назаррас густариш меëбанд. Қаблан  ҷониби Тоҷикистон ба мақомдорони вилояти Свердловск пешниҳод намуда буд, ки бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши содироти маҳсулот созишномаи ҳамкорӣ имзо намоянд.

Хабаргузории ТАСС ҳам навишта буд, ки соли оянда ҳаҷми содироти маҳсулоти ғизоии Тоҷикистон ба вилояти Свердловски Федератсияи Русия 2-3 баробар афзоиш хоҳад ёфт.


Сафорати Тоҷикистон дар Риёз ба рӯзноманигорони арабӣ нишасти матбуотӣ баргузор намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед