Ru  | Tj
Дар шаҳри Женева оид ба Конфронси дуюми Душанбе ҷаласаи иттилоотӣ баргузор гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар шаҳри Женева оид ба Конфронси дуюми Душанбе ҷаласаи иттилоотӣ баргузор гардид
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Дар шаҳри Женева оид ба Конфронси дуюми Душанбе ҷаласаи иттилоотӣ баргузор гардид

Нашр шуд

Дар ҷаласа намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди шӯъбаи СММ ширкат варзид.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Женева нишасти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор шудааст.

Мақсад аз пеш гирифтани ҷаласа баррасии масъалаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” зери унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба баррасии миёнамӯҳлати даҳсолаи об арзёбӣ гардидааст.

Таъкид шудааст, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” соли ҷорӣ рӯзҳои 6-9-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Баргузории Конфронси СММ доир ба баррасии миёнамӯҳлати даҳсолаи об моҳи марти соли оянда ба нақша гирифта шудааст.

Зикр ёфтааст, ки Конфронси мазкур дар шаҳри Париж гузаронида мешавад.

Дар ҷараёни нишаст Намояндаи доимии Тоҷикистон Ҷамшед Ҳомидов ва роҳбари котиботи Конфронс Султон Раҳимзода баромад карда, ҳамкорӣ намудани кишварҳои ҷаҳонро дар соҳаи пеш бурдани масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд зарур арзёбӣ намудаанд.

Ҳамчунин, намояндагони Тоҷикистон ба иллати боло бурдани сатҳи огоҳӣ оид ба чорабинии ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси оби СММ - 2023 дар бораи Конфронси дуюми Душанбе (2022) маълумот додаанд.

Ёдрас мешавем, ки бори нахуст Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли 2018 баргузор гардида буд.

Дар он зиёда аз 1500 меҳмонон аз 120 давлати дунё ширкат варзида буданд.


Тоҷикистон дар конфронси иқлим иштирок мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед