Ru  | Tj
Дар Суғд 95 дарсади аҳолӣ бо шиносномаи нав таъмин шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Суғд 95 дарсади аҳолӣ бо шиносномаи нав таъмин шудааст
Акс: Asia-Plus

Дар Суғд 95 дарсади аҳолӣ бо шиносномаи нав таъмин шудааст

Нашр шуд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дастур додааст, ки симкорти ширкатҳои алоқаи мобилӣ ҳарчи зудтар бо шиносномаҳои нав сабтином шаванд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ин вазорат солор Ҳусейн Халилзода ва муовини аввали сардори Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев дар вилояти Суғд бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва сардорони Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирӣ аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд машварати корӣ анҷом доданд.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки тадбирҳои анҷомшуда имкон дод, то раванди иваз намудани шиносномаҳо натиҷаҳои назаррас ба бор биёрад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ин манбаъ, дар минтақаи Суғд 95% аҳолӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 таъмин карда шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бори дигар хотиррасон кардааст, ки тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати ниҳоии бақайдгирии дигарбораи симкортҳоро бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2023 муқаррар шудааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон то кунун дар ин кишвар беш аз 2 млн симкорти ширкатҳои мобилӣ, ки аз ин миён беш аз 880 ҳазори он симкорти фаъол ҳастанд, бо шиносномаҳои куҳнаи намунаи соли 1996 сабт шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед