Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон лоиҳаи ФИФА барои ҷустуҷӯи истеъдодҳои ҷавон амалӣ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон лоиҳаи ФИФА барои ҷустуҷӯи истеъдодҳои ҷавон амалӣ мешавад
Акс: Федеросиюни футболи Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон лоиҳаи ФИФА барои ҷустуҷӯи истеъдодҳои ҷавон амалӣ мешавад

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон лоиҳаи нави Федеросиюни байнулмилалии футбол (ФИФА)– «Talent Development Scheme» амалӣ мешавад. Ин лоиҳаи ҷустуҷӯи истеъдодҳо ва бозигарон барои дастаҳои яккачини футболро дар назар дорад. Дар ин бора Федеросиюни футболи Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки соли 2023 Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба барномаи густардаи «FIFA Talent Development Scheme» ворид гардид. Бар ин асос ФИФА вазъи футболи Тоҷикистонро омӯхта, чанд тавсия додааст.

Ин манбаъ меафзояд, ки раёсати фаннии ФФТ барномаи рушди фанниро то соли 2026 таҳия кард, ки дар он самтҳои калидӣ ва афзалиятноки рушд дарҷ шудааст. Яке аз онҳо дарёфти футболбозони боистеъдод аст, ки аз ҳама муҳим ба ҳар як бозигар имкон дода мешавад, то маҳорати худро нишон диҳад. Аз ҷумла бозингароне, ки аз рӯйи ин соли 2023 интихоб шуданд, имрӯз асоси дастаи яккачини наврасони Тоҷикистонро (U-16) ташкил медиҳанд. Ин дастаи наврасон ду сол пайиҳам дар мусобиқоти Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бомуваффақият ширкат варзида, ғолиб гардид.

Ҳамчунин Федеросиюни футболи Тоҷикистон имсол дар чаҳорчӯби ин тарҳ тасмим гирифтааст, ки бозигарони аз 12 то 16-соларо муайян ва барои мураббиёни боистеъдоди дастаҳои наврасону занон семинарҳо гузаронад.

Дар баробари барои 23 бозигаре, ки моҳи декабри соли гузашта аз миёни 65 нафар ҷавони боистеъдоди то 14-сола интихоб шуданд, ҷамъомади таълимӣ баргузор шуд. Ҳамзамон дар моҳи марти соли равон барои дастаҳои занони футболи Тоҷикистон низ чунин маросимҳо баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки дастаи яккачини футболи Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърих баъди бозии муваффақ дар Ҷоми Осиё-2023 дар радабандии ФИФА ба садгонаи беҳтарин тимҳои футбол ворид шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед