Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанон ба 78 000 нафар расидааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанон ба 78 000 нафар расидааст
Акс: ASIA-Plus

Дар Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанон ба 78 000 нафар расидааст

Нашр шуд

Дар Душанбе доир ба тарафҳои ҳуқуқии муайянсозии мафҳуми соҳибкории занон ҳамоиш баргузор гардид.

АМИТ "Ховар" иттилоъ медиҳад, ки рӯзи 31-уми март бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва Барномаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Осиёи Марказӣ - "Занҳо дар тиҷорат" ҳамоиш ташкил шудааст.

Бино ба иттилоъ, дар муқоиса ба солҳои нахустини Истиқлолият шумори занони соҳибкор аз 600 то ба 78 000 нафар расидааст.

Гуфта мешавад, феълан дар мамлакат зиёда аз 38 000 нафар занон хоҷагиҳои деҳқониро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон сарварӣ менамоянд.

Ҳамчунин, муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода ҳангоми суханронӣ дар ҳамоиш қайд намудааст, ки ҷиҳати ҷалби занон ба фаъолияти соҳибкорӣ соли 2006 аз ҷониби Сарвари давлат грантҳои Президентӣ таъсис дода шудааст.

Дар фарҷоми ҳамоиш пешниҳод гардидааст, ки шакли якхелаи соҳибкории занон ҷорӣ карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки 16-уми марти соли 2022 дар ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ дастур дода буд, ки лоиҳаи Барномаи рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро таҳия кунанд.


ВКХ Тоҷикистон: шумораи хатсайрҳо ба 71 расид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед