Ru  | Tj
Дар Туркия аз 20 апрел барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Туркия аз 20 апрел барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид  ҷорӣ мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Туркия аз 20 апрел барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ мешавад

Нашр шуд

Душанбе аз Анкара огоҳии расмӣ гирифт, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ мешавад.

Низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон шуруъ аз 20-уми апрели соли 2024 аз ҷониби Туркия ҷорӣ мешавад. Дар ин бора хабаргузории расмии  «Ховар» бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки ҷониби Туркия рӯзи 6-уми апрел Душанберо тавассути роҳҳои дипломатӣ расман аз ин тадбир огоҳ кард.

Бо назардошти ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон зарур аст, ки шуруъ аз 20-уми апрел, пеш аз сафар ба ин кишвар раводид дошта бошанд.    

Дар баробари ин Душанбеи расмӣ таъкид мекунад, ки масъалаи ҷорӣ кардани низоми раводид барои шаҳрвандони Туркия бар асоси усули мутақобиларо баррасӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки қаблан шарҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзномаи расмии ҳукумати Туркия рӯзи 5-уми апрел фармони раисҷумҳури ин кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғонро нашр кард, ки дар он аз бекор кардани низоми раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон дорои шиносномаҳои одии хориҷӣ зикр мешавад.

Дар ҳамин ҳол сафорати Туркия дар Душанбе зимни тавзеҳи ин фармон гуфтааст, ки сафарҳои транзитӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути Туркия тариқи фурудгоҳҳо бидуни раводид боқӣ хоҳанд монд. Сафорати Туркия афзуд, ки дар ояндаи наздик дар бораи тартиби дарёфти раводиди ин кишвар маълумот медиҳад.

Дорандагони шиносномаи одии хориҷии Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба 23 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Антигуа ва Барбуда, Арманистон, Барбадос, Белорус, Гаитӣ,  Гамбия, Гурҷистон, Доминикан, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия,  Молдова, Озарбойҷон ва Русия сафар кунанд.

Аз сӯйи дигар шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Туркия метавонанд ба муддати то 30 рӯз бидуни раводид вориди Тоҷикистон шаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед