Ru  | Tj
Дар вилояти Хатлон тайи як ҳафта 13 "фолбину ҷодугар" боздошт шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар вилояти Хатлон тайи як ҳафта 13 "фолбину ҷодугар" боздошт шудааст
Акс: Коллажи Halva.tj

Дар вилояти Хатлон тайи як ҳафта 13 "фолбину ҷодугар" боздошт шудааст

Нашр шуд

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон хабар дод, ки тайи як амалиёт дар ҳафтаи охир 13 касро барои "фолбинӣ ва ҷодугарӣ" боздошт ва муҷозот кардааст.

Ин ниҳод таъкид мекунад, ки ҳадафи ин иқдомоти мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон муҷозоти ҷодугарону фолбинҳо ва ифшои чеҳраи аслии чунин афрод барои мардум аст, то ки ба доми фиребу макри онҳо наафтанд.

Аз ҷумла давоми ҳафтаи сипарӣ зимни баргузории маҷмуъи маъракаҳои санҷишӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз сӯйи кормандони шаҳрдорӣ (милисия) 13 рухдоди машғул шудани шаҳрвандон ба сеҳру ҷодугарӣ ошкору муайян карда шуд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон афроди боздоштшударо ном ба ном зикр кардааст. Онҳо сокинони ноҳияи Кушониён, ҷамоати деҳоти Заргар, шаҳри Бохтар, ноҳияи Шаҳритус, ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Носири Хусрав, ноҳияи Ҷайҳун, ноҳияи Хуросон, ноҳияи А.Ҷомӣ, ноҳияи Вахш, ноҳияи Носири Хусрав ва шаҳри Кӯлоб ҳастанд. Боздоштшудагон аз 38 то 62 сол доранд.

Таъкид мешавад, ки зимни санҷиш муайян гардид, қисме аз ин афрод худро ҳамчун табиби халқӣ медонанд, вале афроди боздоштшуда ягон дониши пизишкиву динӣ надоранд.

Дар натиҷа нисбати ҳамаи 13 кас тибқи талаботи моддаи 482-и Кодекси қонуншикании маъмурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Тибқи ин моддаи Кодекси қонуншикании маъмурӣ, афроди гунаҳгор аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2280 то 3600 сомонӣ) ҷарима мешаванд.

Ҳамзамон дар сурати такрор кардани ин қонуншиканӣ ҳаҷми ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 4320 то 7200 сомонӣ) зиёд мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед