Ru  | Tj
Дастаи миллии футболи Тоҷикистон вориди Риёз шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дастаи миллии футболи Тоҷикистон вориди Риёз шуд
Акс: Федеросиюни футболи Тоҷикистон

Дастаи миллии футболи Тоҷикистон вориди Риёз шуд

Нашр шуд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе барои бозии севуми даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ вориди шаҳри Риёз шуд. Дар ин бора Федеросиюни футболи Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд, ки аз ин шумора 23 нафар ба дархости ниҳоӣ шомил хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, дар рӯзи 18-уми март ба ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон боз панҷ бозигар омаданд. Инҳо ҳимоятгарон Зоир Ҷӯрабоев ва Манучеҳр Сафаров, ҳарду аз «Нефтчӣ» ва ҳамлагар Шаҳром Самиев аз «Андиҷон», ки дар қаҳрамонии Узбекистон бозӣ мекунанд. Ҳамчунин нимҳимоятгари тими "ССКА-1948" Парвизҷон Умарбоев ва бозигари тими «Самтредия»-и Гурҷистон Муродалӣ Ақназаров ба тими миллии Тоҷикистон пайвастанд. Ҳамзамон дар Риёз ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис»-и Эрон) ва нимҳимоятгар Руслан Хайлоев («Тюмен»-и Русия) ҳамроҳ шуданд.

Қобили зикр аст, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби футболи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дар ҳамин ҳол Федеросиюни футболи Тоҷикистон барои мухлисон, ки мехоҳанд тими миллии кишварро дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили дастаи яккачини футболи Арабистони Саудӣ ҳимоят кунанд, рӯзи 21-уми март хатсайри ихтисосӣ аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Риёз ташкил мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед