Ru  | Tj
Дипломати тоҷик Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъин гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дипломати тоҷик Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъин гардид
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дипломати тоҷик Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъин гардид

Нашр шуд

Дипломати тоҷик Хусрав Нозирӣ бо ризояти Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Дабири кулли ин созмон таъин шуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Хусрав Нозирӣ, ки то ин замон дар мақоми муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ фаъолият мекард, бо як Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз симмати худ барканор ва бо ризоияти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ мансуб шуд.

Хусрав Нозирӣ 54 сол дорад ва қаблан ҳамчун сафири Тоҷикистон дар Миср, Африқои ҷанубӣ ва Марокаш кор кардааст.

Созмони ҳамкории иқтисодӣ соли 1985 аз ҷониби Эрон, Туркия ва Покистон таъсис ёфта, Тоҷикистон соли 1992 узви ин созмон гардидааст. Айни замон даҳ кишвар - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошанд. Қароргоҳи созмон дар шаҳри Теҳрон аст.

Зодаи Тоҷикистон имом-хатиби масҷиди Хабаровск таъин шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед