Ru  | Tj
“Дона” – и тоҷикиро акнун кӯдакони тамоми дунё мехонанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Дона” – и тоҷикиро акнун кӯдакони тамоми дунё мехонанд
Акс: Интернет

“Дона” – и тоҷикиро акнун кӯдакони тамоми дунё мехонанд

Нашр шуд

Ба тозатарин мунтахаби нашрияи электронии “Афсонаҳои кӯдакона аз тамоми дунё” як афсонаи тоҷикӣ ҳам ворид шудааст.

Ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон,  “Дона” ном як афсонаи тоҷикӣ ба мунтахаби нашрияи электронии “Афсонаҳои кӯдакона аз тамоми дунё”,   ки аз ҷониби созмондиҳандагони “ЭКСПО – 2020” дар Дубай ба забони англисӣ ба нашр расид, ворид гардидаааст.

Гуфта мешавад, матни ин афсонаи халқиро кормандони Палатаи савдо ва саноат ба англисӣ тарҷума кардаанд ва Далер Меҳтоҷову Сайера Имодинова ба он расмҳо кашидаанд.

Ин маҷмӯа дар сомонаи сомонаи Expo School ва Apple Books дастрас аст.

Палатаи савдо ва саноат ва Муассисаи нашриявии “Маориф“-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсонаи халқии тоҷикии “Дона”-ро, ки барои кӯдакон хусусияти тарбиявӣ дорад, барои воррид намудан ба нашрияи лектронии ”Афсонаҳои кудакона аз тамоми дуньё” пешниҳод карда буданд.




Тоҷикиситону Ӯзбекистон дар бораи Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ филм меофаранд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед