Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 200 нафар ҷоизаҳои давлатӣ тақдим кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 200 нафар ҷоизаҳои давлатӣ тақдим кард
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба беш аз 200 нафар ҷоизаҳои давлатӣ тақдим кард

Нашр шуд

Шоири шинохта Рустами Ваҳҳоб сазовори ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ шуда, Хайриддини Хайрандеш унвони Шоири халқӣ ва Мирзо Шакурзода Нависандаи ҳалқии Тоҷикистонро гирифт.

Дар Қасри миллат рӯзи 29 август ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 200 нафар кормандони касбу кори гуногун, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супурд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Барои фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ дар ин маросим беш аз 200 нафар мукофотҳои давлатии Тоҷикистонро гирифтанд.

Ҳамин тариқ бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон як нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 3 кас бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 4 кас бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 18 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 3 кас бо ордени Шараф дараҷаи 1, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 112 кас бо медали Хизмати шоиста, 2 нафар бо медали Шафқат, 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Инчунин 6 нафар бо ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, 2 нафар бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино қадр карда шуданд.

Тибқи қарори кумитаи Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2024 як нафар барандаи ин ҷоизаи давлатӣ гардид.

Да баробари ин 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон сарфароз гардид.

Дар маросими имрӯзаи мукофотсупорӣ ҳамчунин 15 нафар бо ҷоизаи давлатии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2024 қадрдонӣ шуданд.

Дар асоси қарори Кумитаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф бошад дар соли 2024 7 нафар барандагони ҷоиза дар соҳаи маориф гардиданд.

Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ неру ва тавоноии зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони ин кишвар равона месозанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед