Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон директори Агентии содиротро аз мақомаш барканор кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон директори Агентии содиротро аз мақомаш барканор кард
Акс: ASIA-plus

Эмомалӣ Раҳмон директори Агентии содиротро аз мақомаш барканор кард

Нашр шуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз мақомаш барканор кард.

Сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон дирӯз фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз вазифа озод намудани Бобозодаро нашр кард, аммо дар матни он сабаби ин тасмим зикр нашудааст.

Аммо баъзе аз расонаҳо, аз ҷумла  Sputnik навиштааст, ки як ҳафта қабл Бобозода ба иттиҳоми даст доштан дар фасод аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Шавкат Бобозода қаблан дар вазифаҳои Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд кор кардаву соли 2019 роҳбари Агентии навтаъсиси содирот таъйин шуда буд.

Бояд гуфт, ки ҳамчунин дирӯз бо фармонҳои ҷудогонаи Президент директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ва сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомҳои хеш барканор ва ба ин симматҳо роҳбарони нав таъйин шуданд.


Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон аз вазифа сабукдӯш шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед