Ru  | Tj
Эмомалӣ Рамҳон дар шаҳри Гулистон ду корхонаи нави парандапарварӣ ифтитоҳ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Рамҳон дар шаҳри Гулистон ду корхонаи нави парандапарварӣ ифтитоҳ кард
Акс: Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Рамҳон дар шаҳри Гулистон ду корхонаи нави парандапарварӣ ифтитоҳ кард

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 29-уми март барои ширкат дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз ба вилояти Суғд сафар карда, дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ иштирок кард.

Тавре ки Хадамоти матбуотии раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти корхонаи парандапарварии «Ганҷи Сомон» оғози расмӣ бахшид.

Гуфта мешавад, ки дар корхонаи мазкур дар як марҳила 50 ҳазор сар парандаи гӯштӣ парвариш ёфта, чӯҷаҳои зоти бройлерӣ давоми то 45 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2 то 2,5 килограмм вазн гирифта, барои забҳу истеҳсоли гӯшт омода мешаванд.

Иқтидори фабрика дар як марҳила истеҳсоли 100 тонна ва дар як сол 400-500 тонна гӯшти парҳезии паранда мебошад. Тибқи дурнамо, соҳибкорону мутахассисони ҷамъият марҳилаи дуюми корхонаро дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон бунёд хоҳанд намуд.

Дар баробари ин дар шаҳри Гулистон бо ҳузури Эмомалӣ Рамҳон боз як корхонаи парандапаварии дигар бо номи «Мурғи бебаҳо» ифтитоҳ шуд.

Корхонаи нави парандапарварӣ дар масоҳати қариб 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, дар он муддати 45 шабонарӯз беш аз 30 ҳазор чӯҷа барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ омода мешавад. Корхона имкон дорад, ки дар як сол дар ҳаҷми зиёда аз 300 тонна гӯшти мурғро барои коркард омода ва ба корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод намояд.

Дар шафати корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ ҳамзамон бинои сардхона баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот барои захира ва нигоҳдории 3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти гӯштӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар соли 2022 дар вилояти Суғд наздики 17 ҳазор тонна гӯшти паранда ва беш аз 700 млн дона тухм истеҳсол шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед