Ru  | Tj
Эмомалӣ Рамон Назарбоевро ба зодрӯзаш табрик гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Рамон Назарбоевро ба зодрӯзаш табрик гуфт
Акс: Inform.kz

Эмомалӣ Рамон Назарбоевро ба зодрӯзаш табрик гуфт

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон бо Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод ва ӯро самимона ба зодрӯзаш табрик гуфт.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон  бо Нурсултон Назарбоев, аввалин Президенти Қазоқистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, бо таманниёти нек ӯро ба муносибати зодрӯзаш самимона муборакбодӣ намуд ва аз саҳми бузурги Назарбоев дар пешрафти Қазоқистон ва роҳандозиву рушди муносиботи ду кишвар ёдовар шуд.

Манбаъ мегӯяд, зимни ин гуфтугӯ тарафайн ҳамчунин перомуни ҳолати кунуниву дурнамои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва баъзе масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.

Дар ин росто,  Эмомалӣ Раҳмон ва Назарбоев ба вазъияте, ки имрӯз дар Афғонистон ба вуҷуд омада истодааст, низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардаанд.

Нурсултон Назарбоев имрӯз  81 - сола шуд.   Вай 29 сол, аз 24 апрели соли 1990 то 20 марти соли  2019, дар курсии президентии Қазоқистон нишаста буд  ва айни замон раиси Шӯрои амнияти ин кишвар ва роҳбари ҳизби ҳокими “Нур Отан” аст.

Табрикоти Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед