Ru  | Tj
Омодагии Тоҷикистон барои ёрмандӣ ба рафъи офати табиъӣ дар Қазоқистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Омодагии Тоҷикистон барои ёрмандӣ ба рафъи офати табиъӣ дар Қазоқистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Омодагии Тоҷикистон барои ёрмандӣ ба рафъи офати табиъӣ дар Қазоқистон

Нашр шуд

Тоҷикистон барои расонидани кумаки зарурӣ ҷиҳати бартараф кардани оқибатҳои обхезӣ дар Қазоқистон изҳори омодагӣ кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мурод Нуртлеу, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон  суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин манбаъ, Муҳриддин ва Нуртлеу вазъи бавуҷудомада дар Қазоқистонро дар пайи офатҳои табиъӣ баррасӣ карданд.

Дар ин замина Сироҷиддин Муҳриддин омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои расонидани кумаки зарурӣ ҷиҳати бартараф кардани оқибатҳои обхезӣ дар Қазоқистонро изҳор кард.

Бояд гуфт, ки раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 6-уми апрел ба мардуми Қазоқистон дар робита ба обхезӣ дар ин кишвар муроҷиат кард. Тоқаев таъкид кард, ки обхезии рӯзҳои охир дар Қазоқистон тайи 80 соли гузашта собиқа надоштааст.

Вай ба Вазорати дифоъи Қазоқистон дастур дод, ки барои рафъи офати табиъӣ воҳидҳои низомии изофӣ эъзом кунад ва итминон дод, ки ба осебдидагон дар баробари хисороти расида ҷубронпулӣ пардохт хоҳад шуд.

Ба иттилоъи Вазорати рухдодҳои изтирории Қазоқистон, дар ҳоли ҳозир бар асари обхезӣ дар 9 минтақаи ин кишвар 29 рухдоди фавқулодаи маҳаллӣ ҷорӣ шудааст. 

Дар айни замон обхезӣ вилоятҳои Актобе, Қустанай, Қазоқистони ғарбӣ, Улитау, Акмола, Қарағанда, Атирау, Павлодар ва Қазоқистони шимолӣ дар Қазоқистонро фаро гирифтааст. Аз минтақаҳои офатзадаи Қазоқистон ҳудуди 76 ҳазор нафар, аз ҷумла беш аз 18 ҳазор нафар кӯдак ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед