Ru  | Tj
Мақомоти Узбeкистон ба муҳоҷирони корӣ як қисми хароҷотро ҷуброн хоҳанд дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мақомоти Узбeкистон ба муҳоҷирони корӣ як қисми хароҷотро ҷуброн хоҳанд дод
Акс: аз манбаъҳои боз

Мақомоти Узбeкистон ба муҳоҷирони корӣ як қисми хароҷотро ҷуброн хоҳанд дод

Нашр шуд

Аз 1-уми июни соли 2024 мақомоти Узбекистон барои муҳоҷирони корие, ки тибқи барномаҳои муҳоҷирати кории созмонёфта ба хориҷ сафар мекунанд, ҷубронпулӣ мепардозанд. Давлати Узбекистон қисман хароҷоти дарёфти раводиди корӣ, супоридани имтиҳони донистани забон ва тахассуси касбӣ, ҳамчунин роҳкирои сафарро ба уҳда мегирад. Ин тадбирҳо дар фармони Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон аз 4-уми апрели соли равон зикр шудааст. Дар ин бора Вазорати адлияи Узбекистон дар саҳифаи телеграмии худ иттилоъ дод.

Тибқи ин фармон ҷуброн ба шаҳрвандони Узбeкистон, ки дар нармафзори электронии муҳоҷирати корӣ "Xorijda ish" сабтином шудаанд, пардохта мешавад.

Барои чунин шаҳрвандон кумаки молӣ якбора дар якчанд самт ва ба андозаи муайян расонида мешавад. Аз ҷумла ҷубронпулӣ барои гирифтани раводиди корӣ то 1,7 милён сӯм (134 долар), барои супоридани имтиҳоноти забондонӣ ва тахассуси касбӣ (дар сурати гузаштан аз имтиҳон) 1,02 милён сӯм (80 долар) ва барои харидани билети сафар то 680 ҳазор сӯм (53,5 долар) пардохт мешавад.

Ҳамчунин давлати Узбекистон барои онҳое, ки дар хориҷа ба хушунат, кори маҷбурӣ, табъиз ва ба вазъи вазнини молӣ дучор шудаанд, ҳаққи хидмати вакили дифоъ ва ё созмонҳои дифоъи ҳуқуқро пардохт мекунанд.

Дар баробари ин дар Узбекистон то 1-уми сентябри соли равон барои расонидани кумак ба муҳоҷирони корӣ як маркази 24-соатаи тамос бо имкони зангҳои ройгон аз хориҷи кишвар ташкил карда мешавад.

Ҳамзамон барои муҳоҷирон барномаи корбурдӣ роҳандозӣ мешавад, ки бо ёрии он онҳо метавонанд дар бораи ҷойҳои холии кор дар хориҷа маълумот гирифта, бо ҳамватанон ва созмонҳое, ки ба шаҳрвандон кумак мекунанд, тамос бигиранд ва ҳамчунин тариқи ин барномак интиқоли маблағро анҷом диҳанд.

Дар фармон гуфта мешавад, ки аз 1-уми июли соли равон ба ширкатҳои хусусии таъмини шуғл иҷоза дода мешавад, ки аз муҳоҷирони корӣ барои хидматрасонӣ дар хориҷ аз Узбакистон пул бигиранд.

Бояд гуфт, моҳи феврали соли ҷорӣ Ожонси муҳоҷирати кории хориҷии Узбекистон хабар дод, ки тақрибан 2 милён шаҳрванди ин кишвар дар хориҷа кор мекунанд. Таъкид мешавад, ки тақрибан нисфи муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон дар Русия фаъолият доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед