Ru  | Tj
Фармони даъвати баҳорӣ ба сафи артиши Тоҷикистон имзо шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фармони даъвати баҳорӣ ба сафи артиши Тоҷикистон имзо шуд
Акс: "Хатлон"

Фармони даъвати баҳорӣ ба сафи артиши Тоҷикистон имзо шуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон рӯзи 5-уми март фармони даъвати баҳории ҷавонписарон барои хидмати ҳарбӣ дар Неруҳои мусаллаҳи ин кишварро имзо кард.

Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи ин фармон, сарбозоне, ки муҳлати хидматии ҳарбии онҳо дар сафи Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон анҷом ёфт, рухсат дода мешаванд.

Дар баробари ин ҷавонписарони аз 18 то 27-сола барои анҷоми хидмати ҳарбӣ дар воҳидҳои Артиши миллии Тоҷикистон даъват мешаванд.

Ҳамзамон тибқи ин фармон вазоратҳои дифоъ, тандурустӣ ва раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон муваззаф шуданд, ки раванди даъвати ҷавонон барои адои хидмати ҳарбӣ дар сафи Неруҳои мусаллаҳро бо дарки масъулият ба роҳ монанд.

Мавсими даъвати баҳории ҷавонон барои сарбозӣ дар Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи апрел оғоз шуда, дар аввали моҳи июн ба итмом мерасад.

Хотиррасон мекунем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвати шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ аз якуми апрел оғоз гардида, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон тибқи қонун хидмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки барои ба таъхир гузоштан ва ё озод шудан аз даъват ба хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ҳатмӣ аст.

Афзун бар ин тибқи тағйирот ба қонун дар Тоҷикистон ҷавонон бо пардохти 54 ҳазор сомонӣ ва гузаштани тамрини якмоҳа дар пойгоҳҳои ҳарбӣ метавонанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед