Ru  | Tj
Фаттоҳзода: Дар Тоҷикистон беш аз 100 лоиҳаи муштарак бо кӯмак ва сармояи чинӣ дар ҳоли иҷроиш аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фаттоҳзода: Дар Тоҷикистон беш аз 100 лоиҳаи муштарак бо кӯмак ва сармояи чинӣ дар ҳоли иҷроиш аст
Акс: ASIA-Plus

Фаттоҳзода: Дар Тоҷикистон беш аз 100 лоиҳаи муштарак бо кӯмак ва сармояи чинӣ дар ҳоли иҷроиш аст

Нашр шуд

Фаттоҳзода гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон бо кӯмак ва сармояи Чин зиёда аз 100 лоиҳаи муштараки иқтисодӣ, бахусус дар бахшҳои энергетика ва коммуникатсия, дар ҳоли иҷроиш аст.

Ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон, ин матлабро Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мулоқот бо мушовири Сафорати Чин дар Душанбе Чэн Дайвэен баён намудааст.

Гуфта мешавад, ки тарафайн дар ин дидор масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои парлумонии кишварҳоро баррасӣ кардаанд.

Саидмурод Фаттоҳзода аз ҷумла, алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти равобит бо парлумони Чин иброз дошта, таъкид намудааст.

“Парламенти Тоҷикистон ҳанӯз ҷавон аст ва ба омӯзиши таҷрибаҳои парламентҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла, Ҷумҳурии Халқии Хитой ниёз дорад”, - гуфтааст Фаттоҳзода.

Манбаъ меафзояд, мушовири масоили сиёсии Сафорати Чин дар Душанбе Чэн Дайвэн бо қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкории кишвараш бо Тоҷикистон иброз доштааст, ки Пекин дорои зарфиятҳои бештари барқарории равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Чин яке аз се шарики аслии иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Ин кишвар аз соли 2013 бо Тоҷикистон шарики стратегӣ эълом шуда, ҳамкории Душанбеву Пекин ҳамасола ба таври чашмрас рушд меёбанд.

Аз ҷумла, Чин айни замон бинои нави порлумон ва Ҳукумати Тоҷикистонро дар маркази шаҳри Душанбе месозад. Мақомоти расмии Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буданд, ки барои сохтусози ин ду бино Пекин 1,5 миллиард юан ихтисос додааст.

"Пеш аз талаб кардан, кӯмак кардан лозим аст" - як омӯзгори рус гуфт, ки чӣ гуна ӯ ба кӯдакони муҳоҷирон дарс медиҳад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед