Ru  | Tj
Фонди хайриявии “Тоҷикистон” дар Тоҷикобод маркази саломатӣ сохтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фонди хайриявии “Тоҷикистон” дар Тоҷикобод маркази саломатӣ сохтааст
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фонди хайриявии “Тоҷикистон” дар Тоҷикобод маркази саломатӣ сохтааст

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби сафари кории худ ба водии Рашт дар маросими ифтитоҳи се муассисаи тиббӣ ширкат намуд.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ ба водии Рашт рӯзҳои 20-ум ва 21-уми сентябр биноҳои нави шуъбаи таваллуд ва навзодони Беморхонаи марказии Нуробод ва шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии Лахшро ифтитоҳ намуда, дар маросими ба баҳрабардорӣ расидани як маркази саломатӣ дар Тоҷикобод иштирок намудааст.

Гуфта мешавад, маркази саломатӣ дар ноҳияи Тоҷикободро фонди хайриявии “Тоҷикистон” бунёд кардааст.

Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти хеш бо роҳбарону фаъолони Лахш зикр намудааст, ки дар бист соли ахир маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустии ин ноҳия 79 баробар зиёд гардидааст.

Президент ҳамчунин аз 14 баробар афозиш ёфтани мабалғгузорӣ ба соҳаи тандурустии ноҳияи Тоҷикобод дар понздаҳ соли ахир гуфтааст.

Ҳамасола Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз истиқлоли давлатӣ ба шаҳру навоҳии кишвар сафарҳои корӣ анҷом медиҳад ва зимни онҳо дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ширкат меварзад.

Гуфта мешавад, пас аз водии Рашт Сарвари давлат ба минтақаи Кӯлоб меравад. Ҳамчунин дар оғози моҳи октябр сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар назар аст.

Аз мактаб то коллеҷу беморхонаи сироятӣ ва корхонаи равған. Ифтитоҳи иншоотҳои нав дар Данғара


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед