Ru  | Tj
Ифтитоҳи корхона бо иштироки Э.Раҳмон ва бо таҷҳизотҳои Русия

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхона бо иштироки Э.Раҳмон ва бо таҷҳизотҳои Русия
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ифтитоҳи корхона бо иштироки Э.Раҳмон ва бо таҷҳизотҳои Русия

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрузҳо бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад. Мақсади сафар аз рафти корҳои ободонӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолият, корҳои мавсимии кишоварзӣ ва суҳбат намудан бо мардуми маҳаллӣ мебошад.

Имрӯз Президенти кишвар корхонаи ҶДММ "Бохтар шифер" истеҳсолии маҳсулотҳои аз варақсанги нафтӣ таёршударо ифтитоҳ намуданд. Корхонаи мазкур шиферҳо истеҳсол менамояд ва бо таҷҳизотҳои Русия насб карда шудааст. 

Бояд зикр намуд, ки 60 нафар истиқоматкунандагони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Иқтидори солонаи корхона 1,1 миллион дона шиферро ташкил медиҳад ва бо назардошти талабот дар бозор, маҳсулоти аз ин ҳам зиёдтар истеҳсол кардан мумкин аст.

Инчунин дар рафти сафар дигар корхонаҳоро низ ифтитоҳ хоҳанд кард.

Русия ба сохтмони Роғун ҳамроҳ мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед