Ru  | Tj
Ифтитоҳи маркази фарҳангию маърифатии русӣ дар Турсунзода

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ифтитоҳи маркази фарҳангию маърифатии русӣ дар Турсунзода

Ифтитоҳи маркази фарҳангию маърифатии русӣ дар Турсунзода

Нашр шуд

Дар шаҳри Турсунзода, бо иштироки сафири фавқуллодаи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов маркази фарҳангию маърифатии русӣ ифтитоҳ гардид.

Ин марказ дорои бахшҳои омӯзиши рассомӣ, мусиқӣ, математика, забони русӣ ва китобхона мебошад, ки дар онҷо ҳамаи ҷавонон метавонанд дар онҷо ҳам рушд кунанд ва ҳам барои ба донишгоҳҳои Русия тайёрӣ бинанд. 

Намояндагии Россотрудничество ба китобхонаи марказ 215 китоб тақдим кард: бадеӣ, энсиклопедияҳо, китобҳо оид ба таърих ва фарҳанги Русия. 

Ифтитоҳи ин марказ бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии "Русская община", инчунин сафоратхонаҳои Федератсияи Россия, Душанбе ва Тоҷикистон епархияҳои калисои ортодоксии Русия, намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик", Маъмурияти Турсунзода, соҳибкорони маҳаллӣ ва ходимони ҷамъиятӣ сурат гирифт.

Игор Лякин-Фролов қайд кард, ки лоиҳа бо ташаббуси мардум ташкил шудааст ва он ба рушди муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ба омӯзиши забону фарҳангӣ русӣ аҳамияти ҷидди дар сатҳи ҳукумат диққати ҷидди зоҳир карда мешавад ва миёни Тоҷикистону Русия Созишномаи махсус низ ба имзо расидааст ва ҳамаи ташаббусҳо тибқи ин Созишнома амалӣ мегарданд.

Роҳбари Россотрудичество дар Тоҷикистон дар ВМКБ масъалаҳои таълим, омӯзиши забони русӣ ва барқарорсозии маъбадро баррасӣ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед