Ru  | Tj
Имрӯз дар Афғонистон мотами миллист

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз дар Афғонистон мотами миллист
Акс: Интернет

Имрӯз дар Афғонистон мотами миллист

Нашр шуд

Бахшида ба рухдоди хунинӣ ду рӯз қабли (9-уми майи) дар шаҳри Кобул рухдода дар Афғонистон мотами миллӣ ва намояндагиҳои Афғонистон дар хориҷ низ Рӯзи аъзои умумӣ эълон гардидааст.

Рӯзи шанбе дар мактаби "Сайид-ул-Шуҳадо" амали фоҷиабори террористие сурат гирифт, ки дар натиҷаи он зиёда аз 63 духтари муҳассилини аз 13 то 18 сола қурбон гардиданд. Аксари кушташудаҳо аз хонаводаҳои нодор будаанд. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон гузориш медиҳанд.  

Бояд гуфт, ки то кунун ҳеч гуруҳи террористие масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, аммо Ашрафғанӣ дар як паёми видеоӣ ин ҳамларо кори дасти гуруҳи террористии "Толибон" хонада, гуфтааст, ки гуруҳҳои ҳаросафган бо тағйири ном мехоҳанд ҷавонони моро аз таҳсил ва донишомӯзӣ дур кунанд. 

Раисҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки ҳукумат ба хонаводаҳои қурбониёну захмиён кӯмаки нақдӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳодиса замоне рух додааст, ки мактабхонҳо аз мактаб рухсат ва дар дарвозаи мактаб қарор доштанд. Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон яку якбора се инфиҷор пайи ҳам рух додаанд. 


Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон бо Вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед