Ru  | Tj
Қирғизистон барои раисҷумҳури ин кишвар ҳавопаймои А-320 харид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қирғизистон барои раисҷумҳури ин кишвар ҳавопаймои А-320 харид
Акс: Дафтари матбуъотии ҳукумати Қирғизистон

Қирғизистон барои раисҷумҳури ин кишвар ҳавопаймои А-320 харид

Нашр шуд

Раёсати ҷумҳурии Қирғизистон соҳиби ҳавопаймои хизматии А-320 шуд. Ин ҳавопаймо рӯзи 28-уми март вориди Бишкек шуд.

Мақомоти Қирғизистон ҳавопаймои А-320-ро, ки соли 2002 истеҳсол шудааст, барои сафарҳои мақомоти баландпояи давлат, аз ҷумла раисҷумҳур харидаанд. Дар ин бора дафтари матбуъотии ҳукумати Қирғизистон хабар дод.

"Ҳавопаймои Airbus A320, ҳавопаймои рақами 1 ба Ҷумҳурии Қирғизистон омад. Дар фурудгоҳи байнулмилалии Манас (Бишкек) ҳавопайморо Оқилбек Ҷабборов, раиси Девони вазирони Қирғизистон қабул кард", - гуфта мешавад дар хабар.

Ба гуфтаи Оқилбек Ҷабборов, Қирғизистон ба масири рушд ворид шуда, аз ҳисоби буҷаи давлат дастгоҳи вижа ва низомӣ, таҷҳизоти пешрафтаи пизишкӣ ва таробарӣ харидорӣ карда мешавад.

«Мо мехоҳем, ки орзуҳои мардуми мо дар барои зиндагии осуда дар сарзамини Қирғизистон амалӣ шавад. Қаблан мо дар бораи харидани ин ё он таҷҳизот аз ҳисоби буҷаи кишвар ҳатто фикр намекардем, вале имрӯз чархболу ҳавопаймо мехарем», - гуфт Оқилбек Ҷабборов.

Ҳавопаймои А-320, ки барои раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ва дигар раҳбарони Қирғизистон харид шуда буд, истеҳсоли соли 2002 аст. Дар бораи фурӯшандаи ҳавопаймоҳо ва нархи он иттилоъ дода нашудааст.

Аммо тибқи маълумоти манбаъҳои боз, арзиши ин навъи ҳавопаймо аз 23 милён то 57 милён долар аст.

Бояд гуфт, ки то кунун мақомоти баландпояи давлати Қирғизистон бо ҳавопаймои Ту-154М, ки беш аз 15 сол пеш аз сӯйи Русия ба ин кишвар ҳадя шуда буд, сафарҳои хориҷӣ анҷом медоданд.

Ёдоварӣ мекунем, ки моҳи апрели соли 2023 ҳукумати Тоҷикистон барои раисҷумҳур ва мақомоти олии ин кишвар як ҳавопаймои Boing 787-8 ба маблағи беш аз 92 милён долар харид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед