Ru  | Tj
Қирғизистон муҳлати анҷоми музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро эълон кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қирғизистон муҳлати анҷоми музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро эълон кард

Қирғизистон муҳлати анҷоми музокироти марзӣ бо Тоҷикистонро эълон кард

Нашр шуд

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон зикр кард, ки масъалаи сарҳад хеле «ҳассос» аст.

Ҷониби Қирғизистон интизор дорад, ки музокирот бо Тоҷикистон дар мавриди таъйини хатти марзи давлатӣ миёни ду кишвар зарфи 2-3 моҳи оянда ба анҷом мерасад.

Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ дар Бишкек Ҷеенбек Кулубоев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон  изҳор дошт.

«Сарҳад масъалаи хеле ҳассос аст, гуфтушунидҳо идома доранд, мо мавқеъҳои тарафҳоро муқоиса карда истодаем, фикр мекунам, ки дар 2-3 моҳи наздик мо (гуфтушунидҳо дар бораи сарҳад - қайди ТАСС) анҷом медиҳем», - гуфт вазири хориҷаи Қирғизистон.

Ба гуфтаи Кулубоев, ҷонибҳо тавонистаанд дар бораи беш аз 90 дарсади хатти марзи миёни ду кишвар ба созиш бирасанд.

Бояд гуфт, чанд рӯз қабл раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон эълон, ки 94 дарсади хатти марзи давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мувофиқа шудааст.

Гуфта мешавад, ки аз 11 то 17 августи соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии гуруҳҳои кории ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаҳои марзӣ баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки тибқи иттилои расмӣ Тоҷикистон бо Қирғизистон наздики 980 километр марзи муштарак дорад, ки то имрӯз 928 км ё худ 94 дарсади он мувофиқа шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед