Ru  | Tj
Исроил мехоҳад зерсохтори таъмини молии "Ҳизбуллоҳ"-ро нобуд созад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Исроил мехоҳад зерсохтори таъмини молии "Ҳизбуллоҳ"-ро нобуд созад
Акс: аз манбаъҳои боз

Исроил мехоҳад зерсохтори таъмини молии "Ҳизбуллоҳ"-ро нобуд созад

Нашр шуд

Артиши Исроил ба сокинони 24 ноҳияи Лубнон, аз ҷумла 14 ноҳияи пойтахт - шаҳри Бейрут ҳушдор додааст, ки қасд дорад дар ин кишвар ҳамлаҳои шабона анҷом диҳад.

Ба гуфтаи артиши Исроил, ҳадафи ин ҳамлаҳо "зербиноҳои молии "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон ва ниҳодҳое ҳастанд, ки ба ин гуруҳ имконоти молӣ медиҳанд".

Дар соли 2021 Амрико ҷамъияти "Қарз-ул-Ҳасана"-и Лубнонро бо иттиҳоми таъминоти молии "Ҳизбуллоҳ", ба феҳрасти таҳримҳои худ ворид кард.

Артиши Исроил дар баёнияи худ аз мардуме, ки дар "биноҳои марбут ба Ҳизбуллоҳ" қарор доранд, хостааст, то чанд соат аз ин макон ҳадди ақал 500 метр дур бошанд.

Расонаҳои давлатии Лубнон гузориш додаанд, ки ҷамъияти "Қарз-ул-Ҳасана" дар водии Бақоъ, дар шарқи ин кишвар ҳадаф қарор гирифтааст.

Ҳамзамон "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон гуфтааст, ки шаби 20 октябр ба сӯи "ҳадафҳои низомӣ" дар Исроил мушакҳои бештар партоб кард ва ба ин ҳамлаҳо идома медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустии Лубнон эълон кард, ки аз оғози даври шадиди ҳамалоти Исроил дар ин кишвар дар рӯзи 16 сентябр то кунун дастикам 1802 нафар кушта ва 9330 нафар захмӣ шудаанд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед