Ru  | Tj
Хусрав Нозирӣ бо раиси Маркази ҷаҳонии “Ҳидоя” дидор намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хусрав Нозирӣ бо раиси Маркази ҷаҳонии “Ҳидоя” дидор намуд
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хусрав Нозирӣ бо раиси Маркази ҷаҳонии “Ҳидоя” дидор намуд

Нашр шуд

Раиси  Маркази ҷаҳонии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ - “Ҳидоя” – и Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Тоҷикистон омад.

Имрӯз Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Раиси  Маркази ҷаҳонии мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ “Ҳидоя” – и Амороти Муттаҳидаи Арабӣ доктор Алӣ Рашид Ан-Нуаймиро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо пиромуни масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар соҳаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таҳкими амният, сулҳу субот дар минтақа табодули афкор намуданд.  

Ҳамчунин, Нозирӣ Хусрав бо доктор Алӣ Рашид Ан-Нуайми доир ба вазъи кунинии Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтугӯ намуданд.



Вазири адлия гуфт, ки дар Тоҷикистон чанд адвокат фаъолият мекунад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед