Ru  | Tj
Кишварҳои Осиёи Марказӣ оғози моҳи Рамазонро эълон карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои Осиёи Марказӣ оғози моҳи Рамазонро эълон карданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Кишварҳои Осиёи Марказӣ оғози моҳи Рамазонро эълон карданд

Нашр шуд

Шурои уламои исломии кишварҳои Осиёи Марказӣ оғози моҳи мубораки Рамазонро дар соли равон мушаххас карданд. Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон 11-уми март оғоз мегардад.

Кумитаи умури дини Тоҷикистон эълон кард, ки дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи ахтарфизик Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон оғози Рамазонро дар ин кишвар 11-уми март муқаррар кард.

Ҳамин тавр ҳисоби закот 35 ҳазору 275 сомонӣ ҳисоб шуд, ки афроди доро аз ин бояд 880 сомонӣ закот ба фақирон пардозанд.

Дар баробари ин барои афроди дорандаи узри шаръӣ фидяи савм барои як рӯзи Рамазон 14 сомонӣ ва барои 30 рӯз 420 сомонӣ муқаррар шуд. Ҳамзамон ҳадди ақали фитри рӯза барои як нафар 7 сомонӣ муаяйн шуд.

Қобили зикр аст, ки доштани рӯза дар моҳи мубораки Рамазон яке аз рукнҳои дини мубини Ислом аст. Дар ин моҳ мусалмонон аз субҳи содиқ то намози шом аз истеъмоли ғизо даст кашида, моҳи Рамазонро бо тиловати Қуръон ва хондани намози таровеҳ сипарӣ мекунанд.

Баъди анҷоми моҳи мубораки Рамазон мусалмонон иди Фитрро ҷашн мегиранд.

Дар ҳамин ҳол кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ - Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ оғози моҳи Рамазонро 11-уми март гуфтанд. Аммо дар Туркмонистон моҳи Рамазон 10-уми март оғоз мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед