Ru  | Tj
Кумитаи дин: Пешакӣ банд намудани ҷой дар оромгоҳҳо манъ карда шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи дин: Пешакӣ банд намудани ҷой дар оромгоҳҳо манъ карда шуд
Акс: SNG.Today

Кумитаи дин: Пешакӣ банд намудани ҷой дар оромгоҳҳо манъ карда шуд

Нашр шуд

Ҳоло дафн дар қабристонҳои пойтахт аз рӯйи тартиб сурат мегирад.

Ба иттилои Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ки зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, қарори ҳукумат оид ба низоми нигоҳдорӣ ва истифодаи гӯристонҳо феълан амалӣ шуда истодааст.

"Қаблан ҳар кас аз рӯйи хостааш дохили қабристон мешуд ва макони калон ё ҷои мушаххасеро интихоб мекард, ки маҳз дар он ҷо ӯро ба хок супоранд", гуфтааст Давлатзода.

Таъкид шудааст, ки тибқи тартиботи феълӣ пешакӣ интихоб намудани макони дафн дар оромгоҳҳои Душанбе манъ буда, корҳо дар роҳи нигоҳдорию таъмини тартибот дар қабристонҳои ҷумҳурӣ давом доранд.

Ёдрас мешавем, ки дар асоси тартиботи тасдиқкардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар қабристон барои ҳар як қабри алоҳида қитъаи замин ба ченаки миёнаи 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳноӣ ҷудо мегардад.


Эмомалӣ Раҳмон баҳри суботи кишвар дар оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон дуо кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед