Ru  | Tj
Лата Мангешкар даргузашт. 2 рӯзи мотами миллӣ дар Ҳиндустон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Лата Мангешкар даргузашт. 2 рӯзи мотами миллӣ дар Ҳиндустон
Акс: Интернет

Лата Мангешкар даргузашт. 2 рӯзи мотами миллӣ дар Ҳиндустон

Нашр шуд

Гуфта мешавад, ки вай моҳи январ пас аз мубтало шудан ба бемории Ковид-19 ба бемористони шаҳри Мумбай бистарӣ шудааст.

Лата яке аз овозхонҳои сермаҳсул ва бонуфузи ҳиндуст, ки дар тӯли умраш даҳҳо тарона сароидааст.

Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди аз Деҳлӣ ба Мумбай меравад, то ба ҷасади Лата эҳтиром гузорад.

Давлати Ҳиндустон дар робита ба марги Лата Мангешкар мотами дурӯзаи оммавӣ эълон кард. Парчами Ҳиндустон дар тӯли ду рӯз дар тамоми дунё нимабарафрохта мешавад.

Ҷасади хонум Лата шоми имрӯз дар як маросими вижа сӯзонда мешавад.

Сарвазири Ҳиндустон дар бораи марги хонум Мангешкар чунин гуфтааст: “Зиёда аз 30 000 сурудҳо бо 38 забони гуногун мероси Лата Мангешкар ба ҷаҳон мебошанд. Хушо касе, ки мусиқиро аз худ мерос мегузорад. Хушбахт аст, он кас, ки ба қабатҳои чуқури дили инсон ва ба хотираҳои поки миллионҳо одамон дохил шудааст. Зиндагӣ муборак аст агар мисли умри Лата бошад”.


Мутахассиси хорватӣ сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон таъйин гардид




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед