Ru  | Tj
Лазаревич бори дувум сармураббии тими "Истиқлол" шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Лазаревич бори дувум сармураббии тими "Истиқлол" шуд
Акс: Федеросиюни футболи Тоҷикистон

Лазаревич бори дувум сармураббии тими "Истиқлол" шуд

Нашр шуд

Никола Лазаревич, мутахассиси 46-солаи серб сармураббии тими «Истиқлол»-и Душанбе шуд. Лазаревич соли 2016 низ сармураббии "Истиқлол" буд. Муҳлати қарордоди ҳамкории ӯ бо дастаи "Истиқлол" як сол аст. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи "Истиқлол" хабар дод.

Ба иттилоъи ин манбаъ, Лазаревич дар ин вазифа Игор Черевченкоро иваз кард. Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе соли гузашта бо роҳбарии Черевченко қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд.

Роҳбарияти бошгоҳи “Истиқлол” бо тавсияи сармураббии нав ёваронашро низ таъйин кард. Инҳо ҳамватанони Лазаревич - Предраг Пешич ва Ҷорҷӣ Коралич мебошанд.

Ҳамчунин ба Лазаревич собиқ сарвони дастаи “Истиқлол” Дилшод Восиев кумак хоҳад кард. Мутахассиси рус Дмитрий Тяпушкин корашро бо дарвозабонҳо идома медиҳад.

Бояд гуфт, охирин дастае, ки Лазаревич соли 2022 машқ додааст, тими “Қизилқум”-и шаҳри Зарафшони Узбекистон мебошад.

Гуфтанист, Никола Лазаревич соли 2012 бо даъвати ҳамватанаш Никола Кавазович ба Тоҷикистон омад. Вай дар бошгоҳи “Истиқлол” ва тими миллии Тоҷикистон ба ҳайси мураббии омодагии ҷисмонӣ фаъолият кардааст.

Соли 2016 Лазаревич сармураббии бошгоҳи “Истиқлол» шуда, тими мазкур бо сарварии Лазаревич дар ин сол қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.

Никола Лазаревич ҳамчунин дар соли 2019 дар вазифаи сармураббии бошгоҳи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд фаъолият кардааст.

Номбурда дорои муҷаввиз барои фаълияти мураббигии дараҷаи UEFA PRO мебошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед