Ru  | Tj
Машқҳои муштараки нерӯҳои ҳарбии кишварҳои узви СПАД дар ҷануби Тоҷикистон оғоз гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Машқҳои муштараки нерӯҳои ҳарбии кишварҳои узви СПАД дар ҷануби Тоҷикистон оғоз гардид
Акс: Интернет

Машқҳои муштараки нерӯҳои ҳарбии кишварҳои узви СПАД дар ҷануби Тоҷикистон оғоз гардид

Нашр шуд

Дар тамрингоҳи "Момирак"-и Тоҷикистон машқҳои дастҷамъонаи узви СПАД шурӯъ гардиданд.

Ба иттилои Агентии иттилоотии "Новости", имрӯз дар доираи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҷангҳои Бародарӣ-2021" машқҳои махсуси  "Эшелон-2021", "Ҷустуҷӯ-2021" ва машқи муштараки "Ҳамкорӣ-2021" оғоз шуда, то 23-юми октябр давом мекунад.

Ба арзи манбаъ, машқҳои дастҷамъӣ дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон - дар майдонҳои тамрини  "Момирак" ва "Ҳарбмайдон"-и Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки низомиёни  Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон гузаронда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки вазифаи асосии машқҳо аз такмил додани низоми фармондеҳии Қӯшунҳои (Нерӯи дастҷамъӣ) СПАД, баланд бардоштани ҳамоҳангии мақомоти фармондеҳӣ ва зерсохторҳо, инчунин ноил шудан ба мувофиқати амалии нерӯҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастҷамъии созмон иборат аст.

Илова мегардад, ки ба марҳилаи ниҳоии машқҳо аъзоёни ҷаласаи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти кишварҳои узви СПАД дар назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии ин созмон, намояндагони Сербия, Ӯзбекистон, Муғулистон, атташеҳои низомӣ, инчунин намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх даъват карда мешаванд.

10-уми августи соли 2021 низ дар тамрингоҳи "Ҳарбмайдон" машқҳои дастҷамъии Русия-Тоҷикистон-Ӯзбекистон баргузор гардида буд.


Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон бо Толибон масъалаи амнияти сарҳадро баррасӣ карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед