Ru  | Tj
Миқдори квотаҳои Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон 19% зиёд шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Миқдори квотаҳои Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон 19% зиёд шуд
Акс: Интернет

Миқдори квотаҳои Русия барои донишҷӯёни Тоҷикистон 19% зиёд шуд

Нашр шуд

Шумораи ҷойҳои таҳсили ройгони шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия барои солҳои таҳсили 2022-2023 120 адад зиёд шудааст.

Тавре "ТАСС" иттилоъ медиҳад, сардори намояндагии Россотрудничество дар ҷумҳурӣ Иван Иванов таъкид доштааст, ки миқдори квотаҳо, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи ройгон таҳсил кардан дар муассисаҳои олии Русияро фароҳам меорад, аз 630 адад (дар соли 2021) ба 750 расонида шудааст. 

Зикр гардидааст, ки аз ҷиҳати миқдори квота барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия кишвари мо дар қатори панҷгонаи ҷаҳон қарор дошта, дар байни кишварҳои ИДМ мавқеи пешсафро ишғол менамояд.

Ёдовар мешавем, ки маъракаи омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тибқи фармоне, ки соли 2013 дар Федератсияи Русия содир шуда буд, сурат мегирад. Ҳоло дар Русия ҳудуди 23 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд.


Русия ҷиҳати таъмини мактаббачагони Тоҷикистон бо маводи озӯқа 2 миллион доллар ҷудо мекунад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед