Ru  | Tj
Муаррифии консули консули нави Тоҷикистон дар Новосибирск

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муаррифии консули консули нави Тоҷикистон дар Новосибирск
Расм аз Сафорати Тоҷикистон дар Москва

Муаррифии консули консули нави Тоҷикистон дар Новосибирск

Нашр шуд

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо губернатори вилояти Новосибирск Андрей Травников мулоқот намуд. Зимни гуфтушунид сафири Тоҷикистон ба Травников консули нави Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирскро муаррифӣ намуд. 

Акнун Ятим Давлатҳоҷа консули дар шаҳри Новосибирск корбарӣ мекунад. Инчунин сафир оиди ҷудошавии қитъаи замин барои сохтмони бинои консулгарӣ ва маркази фарҳангии Тоҷикистон барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ қайд намуданд ва гуфт, ки ҳамаи хароҷотҳоро Тоҷикистон ба зимаи худ мегиранд. Губернатор бошад дар навбати худ ваъда дод, ки барои ҳалли ин масъала мусоидат мекунад. 

Инчунин бо Раиси шаҳри Новосибирск Анатолий Локот низ вохӯрӣ анҷом дода шуд ва дар рафти вохӯрӣ бо раиси шаҳр боз дигар масъалаҳо аз қабили мушкилоти муҳоҷирон ва рушди  ҳамкориҳо дар ҷалби сармоягузорони Новосибирск, саноат, тиҷорат, маориф, донишҷӯён ва мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ гуфтушунид гузаронданд. Сафир пешниҳод намуданд, ки бо иштироки диаспораҳо ва ҳамватанони дар Русия мавҷуд буда, бизнес-форуми муштарак гузаронида шавад.

Ширкати сохтмонии Русия барои муҳоҷирон ба Тоҷикистон омад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед