Ru  | Tj
Мулоқот Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мулоқот Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
Акс: Интернет

Мулоқот Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Нашр шуд

27-уми апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, вазирони мудофиаи ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Дабири кулли СААД ва ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Арманистон дар назди СААД-ро ба ҳузур пазируфт.

Бояд гуфт, ки ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои вазирони мудофиа нахустин чорабиниест, ки дар давраи раёсати кунунии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад.

Мувофиқи маълумоти сомонаи расмии Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ин тадбирро ҳамчун яке аз марҳилаҳои муҳимми омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии созмон арзёбӣ кард.

Таҳия ва тасдиқи заминаи меъёрӣ, ташкили нерӯҳои дастаҷамъӣ, гурӯҳҳои минтақавии қӯшунҳо, нерӯҳои посдори сулҳ ва мақомоти фармондеҳии онҳо аз вазифаҳои асосии Шӯрои вазирони мудофиаи созмон арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории давлатҳои аъзо дар самти сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амнияти минтақа, вазъи Афғонистони ҳамсоя ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳади.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси парлумони Кореяи Ҷанубӣ

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед