Ru  | Tj
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси парлумони Кореяи Ҷанубӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси парлумони Кореяи Ҷанубӣ
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси парлумони Кореяи Ҷанубӣ

Нашр шуд

Дирӯз ба шаҳри Душанбе раиси парлумони Кореяи Ҷанубӣ Пак Бён Сок ташриф овард. 

Пак Бён Сок бо роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи муносибатҳои фарҳангӣ, иқисодӣ, илмӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, амнияти минтақавӣ ва ҳолати сиёсӣ дар Афғонистон суҳбат намуданд.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Корея дар самти маориф хуб ба роҳ монда шудааст ва масъалаи ҷудо намудани бурсияҳо низ баррасӣ шуд.

Зимни мулоқот таҷрибаи бойи Кореяи Ҷанубӣ дар самти иқтисоду технология қайд карда шуд ва гуфта шуд, ки бояд Тоҷикистон дар ин самт ҳамкориҳоро тақвият бахшанд. 

Самтҳои афзалиятнки ҳамкорӣ миёни ду кишвар самти канданиҳои фоиданок, марказҳои логистикию тиҷоратӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бонкдорӣ ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок номида шуданд.

Ба ғайр аз ин, дурнамои рушди сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин Раиси парлумони Корея бо ҳамтои худ Раиси парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вохӯрӣ анҷом дод, ки дар ин вохӯри масъалаҳои рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ барраси шуд.

Тоҷикистон ва Афғонистон эъломияи муштаракро имзо карданд – дар он чи гуфта шудааст?

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед