Ru  | Tj
Муттақӣ: Умедворем ҳукумати нави Покистон бо сиёсати мусбат барои таҳкими равобит иқдом хоҳад кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муттақӣ: Умедворем ҳукумати нави Покистон бо сиёсати мусбат барои таҳкими равобит иқдом хоҳад кард
Акс: etilaatroz.com

Муттақӣ: Умедворем ҳукумати нави Покистон бо сиёсати мусбат барои таҳкими равобит иқдом хоҳад кард

Нашр шуд

Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон* дар дидор бо Убайдурраҳмон Низомонӣ, сарпарасти сафорати Покистон дар Кобул изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумати нави Покистон бо сиёсати мусбат барои таҳкими равобит бо ин гурӯҳ иқдомоти созандае хоҳад кард.

Бар асоси эъломи вазорати хориҷаи Толибон, ин дидор рӯзи 14-уми март баргузор шуд ва дар он масоили ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон ва Покистон баррасӣ шуд.

Дар ин эъломия гуфта мешавад, ки сарпарасти сафорати Покистон равобити ин кишвар бо Афғонистонро “арзишманд” медонад.

Вай гуфт, "ҳукумати нав [Покистон]  дидгоҳи густариши равобит дорад ва талош дорад, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ҳамкорӣ кунад."

Вазорати умури хориҷаи Толибон дар эъломияи худ афзудааст, ки ду тараф ҳамчунин эҷоди шароити сода барои рафтуомади мусофирон, беморон ва тиҷорат тавассути хатти Дюрандро низ баррасӣ кардаанд.

Бахусус бояд зикр кард, ки ба далели набуди муассисаҳои пешрафтаи тандурустӣ дар Афғонистон бархе аз шаҳрвандони ин кишвар барои табобат ба Покистон мераванд.

Дар гузашта Покистон ба беморони бидуни шиноснома ва раводид иҷозаи вуруд дода буд, аммо тибқи муқаррароти нав шаҳрвандони Афғонистон, аз ҷумла беморон барои сафар ба Покистон бояд шиноснома ва раводид дошта бошанд. Дар ҳамин ҳол раванди дарёфти шиноснома ва раводид дар Афғонистон мушкил ва замонгир аст.

Бояд гуфт, ки муносибатҳои ҳукумати Толибон дар Афғонистон бо Покистон дар дувуним соли ахир бо чолишҳои зиёде ҳамроҳ будааст.

Муноқишаҳои марзӣ, ҳузури аъзои Таҳрики Толибони покистонӣ* дар Афғонистон ва ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Покистон аз масоили ҷиддиест, ки равобити ду тарафро тира кардааст.

Мақомоти Покистон борҳо Толибонро ба иҷро накардани тааҳҳудоти худ дар мубориза бо ҳаросафканӣ муттаҳам кардаанд ва Толибони Покистон аз хоки Афғонистон барои ҳамла ба он кишвар истифода мекунанд.


*Фаъолияти ин гурӯҳҳо дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед