Ru  | Tj
Муждаи расидани Наврӯз ба сокинони Душанберо корвони наврӯзӣ мерaсонад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Муждаи расидани Наврӯз ба сокинони Душанберо корвони наврӯзӣ мерaсонад
Акс: Дидор Саъдуллоев

Муждаи расидани Наврӯз ба сокинони Душанберо корвони наврӯзӣ мерaсонад

Нашр шуд

Бомдоди рӯзи 21-уми март, соати 04:00 дар “Боғи Ғалаба”-и шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ баргузор мешавад. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” аз қавли Нуралӣ Шоҳиён, сардори идораи фарҳанги шаҳрдории Душанбе иттилоъ дод.

Ин манбаъ гуфтааст, ки сипас соати 06:00 корвони наврӯзӣ бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон навиди фарорасии Соли нави аҷдодиро бо нидоҳои «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба Ватани хеш омад!» мерасонанд.

Таъкид мешавад, ки ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ сурат мегирад. Дар рӯзҳои ҷашнӣ бо ширкати ҳунармандон ва сокинони ноҳияҳои пойтахт барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайругашти оммаӣ баргузор мегарданд.

Ҳамчунин дар тантанаҳои наврӯзӣ намоиши асарҳои рассомон, дастранҷи ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо дар назар аст.

Бояд гуфт, ки имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март фаро мерасад. Тибқи ҳисоби илми нуҷум, 20-уми март, соати 03:06-и вақти ҷаҳонӣ баробар ба соати 08:06:21-и вақти маҳаллӣ нуқтаи эътидоли баҳориро бурида мегузарад, ки тибқи он боз як рӯзи нав фаро расида, дар нимкураи шимолӣ оғози фасли баҳор оғоз мегардад ва ин вақт ҳамчун вақти омадани Наврӯз дар Тоҷикистон ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед