Ru  | Tj
Музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон. Боз 10 км хати марз мувофиқа шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон. Боз 10 км хати марз мувофиқа шуд
Акс: aa.com.tr

Музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон. Боз 10 км хати марз мувофиқа шуд

Нашр шуд

Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳалли баҳси марзӣ наздиктар шуданд. Ду ҷониб дар мавриди беш аз 10 километр марзи давлатӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора хабаргузории расмии "Ховар" иттилоъ дод.

Ба иттилоъи ин манбаъ, гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷаласаи навбатӣ беш аз 10,7 километри хати марзро тавсиф кардаанд. Мулоқоти ҷонибҳо аз 12 то 17-уми март дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Тоҷикистон баргузор шуд.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи мулоқот гурӯҳҳои кории топографӣ дар мавриди 10,76 километри марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расида, санади дахлдор ба имзо расониданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Қирғизистон баргузор карда, дар он тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади умумии давлатӣ идома медиҳанд.


Қаблан аз эълони натиҷаҳои ин ҷаласа рӯзи 15-уми март мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, раҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор шуд.

"Дар натиҷаи гуфтушунидҳо пешрафтҳои назаррас ба даст омада, ба гурӯҳҳои дахлдори ҷонибҳо барои мушаххас кардани сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон супоришҳои мушаххас дода шуд, то корҳоро барои муайян кардани гузариши хати сарҳади ҳарду давлат дар дигар минтақаҳоро идома диҳанд", - гуфта мешавад дар изҳорот.

Бояд гуфт, моҳи феврали соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки ҳоло тақрибан ҳудуди 100 километри хатти муштараки марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баҳсбарангез боқӣ мондааст.  Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки Тоҷикистону Қирғизистон тибқи тавофуқот ба ҳарчи зудтар анҷом додани раванди муаяйн кардани хатти муштараки марзӣ манфиатдор ҳастанд, вале рӯзи дақиқи имзои созишномаи ниҳоӣ ҳанӯз маълум нест.

Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон қаблан ба далели анҷом наёфтани раванди таъйини марзи муштараки ду кишвар, ки беш аз 980 километрро ташкил медиҳад, чанд бор тира шуда буд. Музокироти марзии ду кишвар дар ин замина аз соли 2002 то кунун идома дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед