Ru  | Tj
Нахустин тамрини тими миллии футболи Тоҷикистон дар Давҳа. Футболбозон рӯзадоранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нахустин тамрини тими миллии футболи Тоҷикистон дар Давҳа. Футболбозон рӯзадоранд
Акс: Федеросиюни футболи Тоҷикистон

Нахустин тамрини тими миллии футболи Тоҷикистон дар Давҳа. Футболбозон рӯзадоранд

Нашр шуд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили дастаи яккачини футболи Арабистони Саудӣ ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Давҳа шуруъ кард. Дар ин бора Федеросиюни футболи Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилоъи ин манбаъ, дар тамринҳои аввалини дастаи мунтахаб, ки бо раҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе баргузор шуд, 15 бозигар ширкат кард. Даҳ футболбози боқимонда дар ихтиёри бошгоҳҳои худ буда, марҳила ба марҳила ба дастаи яккачини футболи Тоҷикистон дохил мешаванд.

Гуфта мешавад, ки футболбозони тими миллии Тоҷикистон дар робита ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон рӯза мегиранд, аз ин рӯ тамоми тамринҳои даста дар ҷамъомади тамринии Давҳа шабона сурат мегиранд.

Ба навиштаи манбаъ, тамринҳо дар Қатар то 18-уми март идома хоҳад кард. Баъдан дастаи яккачини футболи Тоҷикистон барои баргузории бозии севуми даври дувуми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими Арабистони Саудӣ аз Доҳа ба Риёз парвоз мекунад. Ин дидор рӯзи 21-уми март дар варзишгоҳи Донишгоҳи шоҳ Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон пас аз анҷоми бозии сафарӣ ба Душанбе бармегардад ва омодагиро ба бозии хонагии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими Арабистони Саудӣ оғоз мекунад. Ин рақобат рӯзи 26-уми март дар варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифта, соати 20:00 оғоз мешавад.

Бояд гуфт, ки қаблан ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон ба роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҳайати тими миллиро, ки ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ омодагӣ мегирад, эълон кард.

Ба тими миллии Тоҷикистон 25 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шуданд.

Гуфтанист, дар ҷадвали гурӯҳи G дастаи мунтахаби футболи Арабистони Саудӣ бо касби 6 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Тими миллии Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз дар зинаи дувум аст. Дастаи Урдун бо касби як имтиёз дар ҷойи севум мебошад. Тими Покистон бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифтааст.  Марҳилаи дувуми интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо ширкати 36 дастаи яккачин дар нуҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед