Ru  | Tj
Ориёно Саид бо тайёраи низомии Амрико аз Афғонистон фирор кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ориёно Саид бо тайёраи низомии Амрико аз Афғонистон фирор кард
Акс: Озодӣ

Ориёно Саид бо тайёраи низомии Амрико аз Афғонистон фирор кард

Нашр шуд

Хонандаи маъруфи афғон Ориёно Саид, ки дар Тоҷикистон ҳам маҳбубияти зиёд дорад, пас аз ғасби ҳукумат аз сӯи Толибон* Афғонистонро тарк кардааст.

Ба гузориши Halva, Ориёно Саид дар саҳифаи худ дар Instagram дар ин бобат хабар додааст.

Ориёно гуфтааст, ки бо ҳавопаймои низомии Амрико аз кишвараш фирор кардаву сиҳату саломат аст ва пас аз ду шаби фаромӯшношуданӣ ба Доҳа, пойтахти Қатар расидаву он ҷо мунтазири парвоз ба Истамбул мебошад.

Ин сароянда ва муҷрии маъруф афзудааст, ки пас аз ба ҳолати муқаррарӣ баргаштани ҳаяҷону ҳиссиёташ аз ҷузъиёти фирори худ мегӯяд.

“Барои шумо азизон қиссаҳо хоҳам навишт” - навиштааст Ориёно.

Қаблан Ориёно Саид гуфта буд, ки ошиқи овози Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик аст ва орзуи дидани Тоҷикистонро дорад.

Шоми 15-уми август Толибон пас аз чанд моҳи даргириҳо дохили пойтахти Афғонистон шуд ва қасри раисиҷумҳурро ишғол намуд. Президент Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кардааст ва дар Афғонистон қудрат ба дасти Толибон расидааст.

Айни замон Панҷшер ягона минтақаи Афғонистон аст, ки аз сӯи Толибон ишғол нашудааст. Ба иттилои расонаҳо Амруллоҳи Солеҳ, Абдурашид Дӯстум ва Аҳмад Масъуд дар он ҷо ҷабҳаи муқовимат бо Толбион сохтаниянд.

Эмомалӣ Раҳмон Ашраф Ғаниро аз фирори низомиёни афғон ба Тоҷикистон дар ҷараён гузошт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед