Ru  | Tj
Пӯшидани либосҳои фарҳанги бегона манъ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пӯшидани либосҳои фарҳанги бегона манъ шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Пӯшидани либосҳои фарҳанги бегона манъ шуд

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон пӯшидани либосҳои ба фарҳанги мардум бегона расман манъ шуд.

Рӯзи 20 июн Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ба 35 қонун, аз ҷумла қонунҳо дар бораи танзими ҷашну маросим, дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар бораи нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо имзо гузошт.

Дар ин бора хабаргузории расмии "Ховар" иттилоъ дод.

Қонунҳои Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим, дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, дар таҳрири нав қабул гардиданд.

Мақсад ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, таълиму донишомӯзӣ, тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ гуфта шуд.

Таъкид мешавад, ки қонунҳои баимзорасида ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва қонунияту тартибот равона шудаанд.

Хотиррасон мекунем, ки моҳи марти соли 2024 раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли ҷомеа ва дин гуфт, ки либоси миллӣ инъикосгари арзишҳои моддию маънавии гузаштаи мардум буда, миллатро аз рӯи шаклу услуби либос шинохта мешавад. 

Вай таъкид кард, ки либоси миллии тоҷикӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла ЮНЕСКО эътироф шудааст.

"Дар ин замина мо бояд аз ворид шудани либосҳои ба истилоҳ мазҳабӣ, ки ҷавобгӯи ниёзҳои динии мо нест, ба расму оин ва фарҳанги мо бегона аст, худдорӣ кунем, то ҳуввият ва арзишҳои миллии худро ҳифз кунем", - таъкид кард Раҳмон.
 
Вай ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо тарроҳони тоҷик тарҳи либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои мазҳабӣ ва ахлоқии занони тоҷик таҳия ва муаррифӣ кунанд.

Бояд гуфт, ки дар тарҳи нави қонуни танзим  воридот, фурӯш ва пӯшидани либосҳои ба фарҳанги тоҷикон бегона манъ шудааст.

Илова бар ин, ба хотири таъмини амнияти кӯдакон ва тарбияи онҳо, гаштугузори кӯдакон дар рӯзҳои идҳои Қурбон ва Рамазон яъне "идгардак" манъ карда шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед