Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Панҷ ноболиғи тоҷик аз Русия ба ватан баргардонда шуданд
Нашр шуд
Аз аввали соли ҷорӣ то кунун 54 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон ба назди наздиконашон баргардонида шуданд.
Панҷ шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар Русия бидуни сарпарастӣ монда буданд, ба ватан бозгардонида шуданд.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, кӯдакон бо мусоидати хадамоти консулгарии намояндагии дипломатии Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Гуфта мешавад, ки аз аввали соли ҷорӣ 54 шаҳрванди ноболиғи тоҷик аз Русия ба назди наздиконашон ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.
Зикр мешавад, ки ин иқдом тибқи созишномаи соли 2002 дар бораи ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви ИДМ дар масъалаи баргардонидани ноболиғон ба кишварҳои истиқомати доимӣ амалӣ мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед