Ru  | Tj
Парчами Тоҷикистон дар қуллаи баландтарини ҷаҳон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парчами Тоҷикистон дар қуллаи баландтарини ҷаҳон
Акс: Интернет

Парчами Тоҷикистон дар қуллаи баландтарини ҷаҳон

Нашр шуд

Виталий Хинензон, нахустин кӯҳнаварди тоҷик гашт, ки баландтарин қуллаи сайёра – Эверестро фатҳ ва Парчами Тоҷикистонро тори он барафрошт.

Варзишгар дар ин бора дар саҳифаи худ дар Фейсбук хараб дода, навиштааст, ки “Мо ин корро анҷом додем! Парчами Тоҷикистонро дар Эверест бардоштам ва он бори нахуст дар қуллаи баландтарини ҷаҳон аст!”

Виталий ҳамчунин иттилоъ додааст, ки дар ҳайати дастаи байналмилалии кӯҳнавардон ба фатҳи Эверест рафта, аллакай аз он ҷо бомуваффақият поён фаромадааст ва айни замон дар пойтахти Непал қарор дорад.

Эверест бо баландии 8848 метр Каъбаи кӯҳнавардони ҷаҳон аст ва ҳамаи кӯҳнавардон орзу доранд, ки ба фатҳи он даст ёбанд.



Гулсумбӣ Шарифова ба Бозиҳои олимпии Токио роҳхат гирифт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед