Ru  | Tj
Пешниҳоди Президент: Донишкадаи забонҳо донишгоҳи байналмилалӣ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пешниҳоди Президент: Донишкадаи забонҳо донишгоҳи байналмилалӣ мешавад
Акс: Ddzt.tj

Пешниҳоди Президент: Донишкадаи забонҳо донишгоҳи байналмилалӣ мешавад

Нашр шуд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки  Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ин матлабро имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба баҳрабардорӣ расидани бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баëн кард.

Президент ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо дастур дод, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Гуфта мешавад, иншооти нави маъмурӣ ва таълимии Донишкада аз 3 бинои 5-ошёна ва таҳхона иборат мебошад ва барои 1500 нафар донишҷӯй дар як баст лоиҳабандӣ шудааст.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири донишомӯзӣ дар донишкада шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд додааст.

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 1979 ҳамчун Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон таъсис ёфтааст.

Дар ин муассисаи олии таълимӣ айни замон  бо 11 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва форсӣ) аз рӯйи 41 ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мутахассис тайёр карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар оғози соли ҷорӣ  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат низ мақоми байналмилалӣ гирифтаву ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон табдили ном карда буд.

"Ҷуғрофиëи таърихии Шоҳнома". Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед